Навиди Вазорат



Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

.

24 ноябри соли 2022 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавии ҳайати кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосир, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштагони мо, ҳамзамон ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми кишвар мебошад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: "Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад".

Дар ҳамоиш муовини сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ – Одиназода Моҳтоб ва мутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтор дар васфи Парчами давлатӣ суханронӣ намуданд ва қайд карданд, ки Парчами давлатӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳувияти миллати куҳанбунёди мо буда, волотарин мақсаду мароми мардумро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Ҳамоиш дар фазои тантанавӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва таърихиву сиёсии миллиамон баргузор гардид.