Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба зимистонгузаронӣ баргузор гардид
Санаи 26 ноябри соли 2022 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 таҳти №133 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ баргузор гардида, дар он омодагии дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ - аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва раисони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намудаанд.
Бо мақсади иҷрои нақшаи мазкур дар тамоми сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарорҳои дахлдори дохилӣ ба тасвиб расида, ситодҳои фаврӣ таъсис ва нақшаи чорабиниҳои дахлдор тасдиқ карда шудаанд.
Ҳамзамон, бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дода, аз рафти иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқи ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор дода, гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.
Дар рафти ҷаласа аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳисоботҳо манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншоотҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири кишвар ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 супоришҳои қатъӣ дода шуданд.