Навиди Вазорат



Ҷаласаи понздаҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид

.

Рӯзи 29 ноябри соли 2022 ҷаласаи 15-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба такмили Портали савдои Тоҷикистон, беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар татбиқи танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, пешниҳодҳо ҷиҳати кам кардани номгӯи мол, кор ва хизматрасониҳо, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд ва зарурияти ҳамроҳшавӣ ба «Созишномаи қолабӣ оид ба содагардонии расмиёти савдои бекоғази наздисарҳадӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар дар самтҳои қайдгардида, ки бевосита ба содагардонии расмиёти савдо равона гардидааст, як қатор корҳои назаррас иҷро шудааст ва вазорату идораҳо якҷо бо бахши хусусӣ, инчунин шарикони рушд мунтазам дар доираи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо чораҳои амалӣ меандешанд.

Илова бар ин дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамояд.

Қайд бояд кард, ки Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо бо мақсади ҳалли масъалаҳои пешомада дар фаъолияти бахши хусусӣ таъсис дода шуда, дар як сол 3-4 ҷаласаи он дар сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ ва намояндагони бахши хусуӣ гузаронида мешавад.