Вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Туркия ва муовини Вазири хазинадорӣ ва молияи Ҷумҳурии Туркия
29 ноябри соли 2022 дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия дар ҳошияи чорабинии сатҳи баланди Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо доир ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия доир ба амалисозии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло бо муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Туркия ва муовини Вазири хазинадорӣ ва молияи Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.
Насриддинзода Р. Ҳ. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи баланд баромадаанд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба таҷрибаи ҷониби Туркия дар самти тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин маблағгузории он, ки яке аз масъалаҳои калидӣ ба ҳисоб меравад, мубодилаи афкор намуданд.