Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6-умин Саммити Иқтисодии Истанбул
8-9 декабри соли 2022 бо мақсади иштирок дар 6-умин Саммити Иқтисодии Истанбул бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара ҳайати кишвар, аз ҷумла муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Рухшона Насриддинзода ва Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Муминзод Камолиддин ба шаҳри Истанбули Туркия сафарбар шуданд. Чорабинии мазкур зери унвони “Занҷираи ҷаҳонии арзиш” ташкил гардида, дар кори он инчунин мавзуҳои “Дигаргуниҳои иҷтимоӣ”, “Имкониятҳо барои соҳибкорзанон дар занҷираи таъминот”, “Ташаккулёбии арзиш дар соҳаи сайёҳӣ аз сатҳи маҳаллӣ то ҷаҳонӣ”, “Трансформатсияи рақамӣ ва сабз дар минтақаҳои саноатӣ”, “Нақши автомобилҳои электронӣ дар соҳаи энергетика ва дигаргунсозии он”, ва “Инноватсия дар соҳаи тандурустӣ барои рушди устувор” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Дар панели “Афзоиши иқтисодӣ ва рушди устувор: Имконият барои ҳамгироии минтақавӣ” Насриддинзода Рухшона суханронӣ намуда, ба иштирокчиён доир ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вобаста ба масъалаҳои об, алалхусус пешниҳоди Тоҷикистон ҷиҳати эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва пешниҳод ҷиҳати эълон гардидани соли 2025-ум “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, шинос кард.