Навиди Вазорат



Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии шаҳри Душанбе дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023

.

Санаи 13 декабри соли 2022 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 таҳти №133 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» баргузор гардида, дар он омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ва ҷараёни нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ - аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иштирок намудаанд.

Бо мақсади иҷрои қарори номбурда дар тамоми сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарорҳои дахлдори дохилӣ ба тасвиб расида, ситодҳои фаврӣ таъсис ва нақшаи чорабиниҳои дахлдор тасдиқ карда шудаанд.

Ҳамзамон бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дода, аз рафти иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқи ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор дода, гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳисоботҳо манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар як ноҳияҳои шаҳри Душанбе вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захирамамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншоотҳои энергетикӣ ва масъалаҳо вобаста ба иҷрои нақша чорабиниҳои зикршуда ибрози назар карда шуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа аз ҷониби Муовини Сарвазири кишвар ҷиҳати сари вақт ба итмом расонидани пайвастшавии биноҳои маъмуриву истиқоматии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва гирифтани меъёри зарурии гармӣ ба Шабакаҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Дар идомаи ҷаласа гузориши муовини раиси шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои бандҳои нақша чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоляти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе шунида шуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири кишвар ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он вобаста ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ва иҷрои корҳои омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дода шуданд.