Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ
22 декабри соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баргузор гардид.
Дар доираи он ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо лоиҳаҳои “Барқарор намудани системаҳои обёрӣ ва сохтмони канализатсия дар ноҳияи Панҷ”, лоиҳаи “сохтмону таҷдиди роҳи мошингарди Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ” ва лоиҳаҳои соҳаи энергетика, инчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон бо БИР мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Завқизода З.А. қайд намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Бонки Исломии Рушд сол то сол рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ Завқизода З. А. аз ҷониби Бонки Исломии Рушд ҷиҳати ҷалби ташкилоти маблағгузории бахши хусусӣ барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намуд, ки хуш пазируфта шуд.