Дар арафаи – Соли нави мелодӣ ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод туҳфаҳои солинавӣ расонида шуд
Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати эҳсонкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни – Соли нави мелодӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба 151 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод, ки таҳти сарпарастии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад туҳфаҳои солинавиро дастарс намуд.
Ҳамзамон дар давоми соли 2022 ба Мактаб-интернати мазкур дар арафаи идҳои давлатӣ як қатор кумакҳои моддӣ расонида шудааст, аз ҷумла:
- маводҳои хӯрока 2750 кг орд, 350 литр равған, 300 кг биринҷ, 300 кг макарон, 300 кг шакар, 180 кг шириниҳо ва 60 кг гушти гов;
- сару либоси мактабӣ (тобистона ва зимистона) барои 145 нафар тарбиятгирандагон;
- маводҳои хоҷагидорӣ 2 адад мошинаи либосшуӣ, 20 адад мизу курсӣ ва маводҳои сохтмонӣ барои таъмири ҳамомҳо, бино, утоқҳои ҷойҳои хоб ва таълимӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Табрикоти роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Соли нави мелодӣ ба тамоми таълимгирандагони Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод расонида шуда, қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ятимону маъюбонро дастгирӣ ва ғамхорӣ намуда, тамоми шароитро барои онҳо муҳаё намудааст.
Дар заминаи дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат таълимгирандагонро зарур аст, ки бо баҳо ва одоби намунавӣ таҳсил ва тарбия гирифта, ба Тоҷикистони азизу маҳбуб софдилона хизмат намоянд.