Навиди Вазорат



ТАҚДИМИ КУМАКҲОИ МОДДӢ БА ҚИСМИ НИЗОМИИ НОҲИЯИ ПАНҶ

.

Дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаву эҳсонкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба қисми низомии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон кӯмаки моддӣ аз қабили орд, шакар, биринҷ ва равған расонида шуд.

Роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо сарбозону афсарони қисми низомии мазкурро ба Соли нави мелодӣ табрик намуда, барои хизмати содиқона ва поквиҷдонона дар роҳи хизмат ба Ватан изҳори сипос баён намудаанд.