Навиди Вазорат



Шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23 декабри соли 2022

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба шарҳи ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 чорабинӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он ширкат варзиданд.

Чорабиниро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ифтитоҳ карда, иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ раҳнамои самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда мебошад. Дар паём оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 5 соли сипаригардида ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои солҳои минбаъда муайян намуданд.

Аз ҷумла дар панҷ соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёти мамлакат дар сатҳи 7,3 фоиз ва дар соли 2022 дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 71 млрд. сомонии соли 2018 то 115 млрд. сомонӣ дар соли 2022 ё 1,6 баробар расонида шуд.

Таъкид гардид, ки дар паём ба вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди иқтисодии устувори кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ вазифагузориҳо карда шудааст.

Вобаста ба ин роҳбарият ва тамоми кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он бо масъулияти баланд тасмим гирифтанд, ки Паёми роҳбари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои сифатнок ва саривақтии Нақшаи чорабиниҳои он чораҷӯӣ менамоянд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат дар самтҳои рушди бахши воқеӣ, савдо, соҳаҳои иҷтимоӣ вобаста ба дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои паём ибрози андеша намуданд.