Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ

.

9 апрели соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти раёсати муовини якуми Вазир Саидраҳмон Назриев ҷаласаи Гурӯҳи корӣ байни намояндагони ҷумҳуриҳои ҳамҷавори Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ба кори худ шуруъ намуд.

Дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ лоиҳаи Созишномаи тиҷорати транзитӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор мегирад.

Санади дахлдор вобаста ба лоиҳаи Созишномаи мазкур баъди анҷоми ҷаласаи Гурӯҳи корӣ, 10 апрел қабул карда мешавад.