Нахустин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия
28 феврали соли 2023 дар шаҳри Братислава аввалин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва Муовини вазири иқтисоди Словакия Питер Шветс ифтитоҳ гардида, зимни он муаррифии имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар ироа карда шудаанд. Ҳамзамон дар кори он Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Насриддинзода Рухшона Хикматулло ва Муовини вазири молия Қурбонзода Сарвар иштирок карданд.
Дар нишаст намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистону Словакия ва соҳибкорони ҳар ду кишвар фаъол дар самтҳои энергетика, истеҳсолот, хизматрасонӣ, истихроҷи нафту газ, фармасевтӣ ва ғ. ширкат варзиданд.
Анҷумани мазкур ба мақсади пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ҳар ду кишвар ташкил карда шудааст.