Навиди Вазорат



Ҳайати Тоҷикистон бо Раиси мудирияти сармоягузории Қатар, муассиси бонки байналмилалии исломӣ, Раиси Анҷумани соҳибкорон ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Холдинг» густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима намуданд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар Конфронси панҷуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои камтараққикарда (LDC) таҳти унвони “Аз иқтидор ба шукуфоӣ” иштирок намуд.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур Завқизода З. А. бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати кӯтоҳи сарироҳӣ баргузор намуда, паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ӯ расонид.

Ҳамзамон ҳайати тоҷикистонӣ бо Раиси мудирияти сармоягузории Қатар Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд, сармоягузори бузурги қатарӣ - муассиси бонки байналмилалии исломӣ Шайх Алӣ Абдуллоҳ Сонӣ Оли Сонӣ, Раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Холдинг» – Шайх Файсал бин Қосим Олӣ Сонӣ як қатор вохӯриҳои судманд анҷом дод.

Дар вохӯриҳо масъалаҳои вусъат бахшидани ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Қатар, ҷалби сармояи қатарӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ тандрустӣ ва содирот, инчунин истифодаи пурраи захираву имкониятҳои ҳар ду кишвар муҳокима гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таҳия ва амалӣ шудани лоиҳаҳои номбурдаро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд мунтазам пайгирӣ менамоянд.

Илова бар ин дар ҳошияи сафари мазкур вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат ва саноати Қатар Шайх - Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим Ал Абдуллоҳ Ал Сонӣ, Вазири молияи Давлати Қатар - Алӣ бин Аҳмад Ал Қуварӣ ва Роҳбари Фонди рушди Қатар - Халифа Ҷассим Ал-Қуварӣ дар назар аст.

Қайд бояд кард, ки дар конфронси мазкур зиёда аз 46 давлати дунё ва ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, чорабинии мазкур ба мавзӯъҳои сармоягузорӣ ба нерӯи инсонӣ, рафъи камбизоатӣ, истифодаи неруи илм, технология ва инноватсия, дастгирии дигаргунсозии сохторӣ ҳамчун омили шукуфоӣ, рушди тиҷорати байналмилалӣ ва ҳамгироии минтақавӣ, мубориза ба тағйирёбии иқлим, COVID-19 ва эҷоди устуворӣ сафарбар кардани шарикии байналмилалӣ барои рушди устувор бахшида шуданд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное