Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи минтақаҳои озоди иқтисодии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Файсал Оли Сонӣ

.

8 марти соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори иҷроияи минтақаҳои озоди иқтисодии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Файсал Оли Сонӣ баргузор гардид. Дар рафти суҳбат атрофи табодули назари судманд сурат гирифт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби сармоя ва ба роҳ мондани робитаҳои дуҷониба байни минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатарро мавриди муҳокима қарор доданд.

Бо мақсади таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ҷонибҳо омодагии худро барои таҳия ва ба имзо расонидани санади ҳамкорӣ байни минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистону Қатар иброз доштанд.