Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Фонди рушди Қатар Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ

.

9 марти соли 2023 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори иҷроияи Фонди рушди Қатар Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди рушди Қатар, ҷалби маблағҳо ба соҳаҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон ва пешниҳоди лоиҳаҳои афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар робита ба ин Завқизода З. А. аз Директори иҷроияи Фонди рушди Қатар дархост намуд, ки маблағгузориҳо ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Тоҷикистон, инчунин ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҷалби маблағҳои Фонди мазкур барои сохтмони НБО «Роғун», рушди иқтисоди сабз, бахусус сохтмони иқтидорҳои нави энергетикӣ, иқтисоди рақамӣ, саноатикунонӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ пешниҳод карда шаванд.

Дар навбати худ Директори иҷроияи Фонди рушди Қатар омодагии худро барои маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида, инчунин тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.