Навиди Вазорат



Иштироки Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак»

.

10 марти соли 2023 Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд.

 

 Қайд бояд кард, ки дар кори Конфронс роҳбарон ва намояндагони мақомоти идоракунии давлатӣ, сохторҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва васоити ахбори оммаи кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариш додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати кишвар гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон номбурда пешниҳод намуд, ки ҷиҳати боз ҳам густариш додани муносибатҳои ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла дар самти таъсиси корхонаҳои истеҳсолии муштарак, марказҳои логистикӣ барои содироти молу маҳсулоти тару тоза, энергияи барқароршаванда, рушди иқтисоди сабз ва иқтисоди рақамӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.

Дар охир Нуриддинзода А. изҳори боварӣ намуд, ки Конфронси имрӯза барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди минтақавӣ боз як қадами устувор ба ҳисоб меравад.