Ҷаласаи якуми Гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷӣ ҷиҳати дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди содирот
14 марти соли 2023 ҷаласаи якуми Гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷӣ ҷиҳати дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди содирот бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зери роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин баргузор гардид.
Нуриддинзода А. Н. сараввал аъзои Гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносонро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар дар соҳаи савдо, муайян намудаанд.
Дар баробари ин дар натиҷаи андешидани тадбирҳо дар самти ташкили истеҳсолоти воридотивазкунанда талаботи бозори истеъмолӣ ва саноатии ҷумҳурӣ аз ҳисоби маҳсулоти ватанӣ таъмин гардида, ҳиссаи молу маҳсулоти шабеҳи воридотӣ сол аз сол коҳиш меёбад, ки ҷавобгӯ ба ҳадафи Ҳукумати кишвар мебошад.
Бо натиҷагирӣ аз амалҳои пешбинишуда ба мақсади таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар дар самти истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии кишвар як силсила тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд.
Дар охир бо мақсади иҷрои самараноки дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷӣ ҷиҳати дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, рушди содирот ва воридотивазкунӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ, Гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон як қатор таклифу пешниҳодро ҷиҳати дастури минбаъда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуд.