Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

16 марти соли 2023 вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Восидиён Фарҳод Саъдулло бо ҳайати Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд баргузор гардид.

Восидиён Ф. С. ба намояндагони Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ ва саҳмгузорӣ дар амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои кишвар миннатдорӣ баён намуд.

Дар рафти вохӯрӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 2023-2025 ва вазъи иқтисоди кишвар, инчунин дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи масъалаҳои қайдгардида ва ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун иброз намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное