Навиди Вазорат



Сафари Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо ба МОИ “Суғд”

.

 

Рӯзҳои 23-24 марти соли чорӣ Муовини якуми Вазири рушди иктисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ба минтақаи озоди иқтисодии “Суғд" сафари корӣ анҷом дод.

Дар рафти сафари мазкур Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид аз раванди корҳои омодагӣ вобаста ба ифтитоҳи расмии фаъолияти ҶДММ “Азияполитекс” шинос гардида, ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани ин корхона барои оғози фаъолият ба роҳбарияти МОИ “Суғд” ва корхонаи номбурда дастуру супоришҳои мушаххас дод.