Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ҷаласаи шашуми Гурӯҳи корӣ

.

17 уми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи шашуми Гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии кор ҷиҳати татбиқи Нақша-чорабиниҳо оид ба такмил ва рушди савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев баргузор гардид. 

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Дар оғоз вобаста ба семинари омӯзишие, ки 10 апрели соли 2015 бо иштироки мутахассисони бахши иқтисоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, мақомоти дахлдор вобаста ба танзими савдо ва хизматрасонӣ, инчунин роҳбарони марказҳои калони савдо ва бозорҳои вилояти Хатлон, дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид, маълумоти дахлдор пешниҳод карда шуд.

Сипас, оид ба раванди иҷрои корҳо роҷеъ ба таҳияи қоидаву тартибҳои савдо ва таҳияи феҳристи марказонидашудаи савдо ва манбаи иттилоотии маълумот шахсони масъул гузориш доданд.

Аз рӯи натиҷаи ҷаласа, ба шахсони масъул дастур дода шуд, ки то якуми майи соли ҷорӣ лоиҳаҳои тартиб ё қоидаи савдо, феҳристи марказонидашудаи савдо, инчунин ариза ва огоҳинома, ки бо назардошти намунаи давлатҳои Россия ва Белорус таҳия шудааст, ба баррасии Гурӯҳи корӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод намоянд.

Чорабинии мазкур дар асоси Созишномаи дутарафа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва БРСММ дар доираи лоиҳаи минтақавии “Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” ташкил карда шуд.

Дар доираи ташаббуси мазкур БРСММ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мусоидат карда, саъю кушишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар татбиқ ва такмили қонунгузории кишвар дар соҳаи савдо дастгирӣ менамояд.