Навиди Вазорат



Иштироки Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистону Британияи Кабир

.

Рӯзҳои 28-29 марти соли 2023 дар шаҳри Лондони Британияи Кабир Форуми сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистону Британияи Кабир баргузор гардид, ки дар он Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ширкат намуданд.

Форуми мазкур аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ташкил шудааст.

Дар форуми мазкур аз ҷониби Солеҳзода А. А. Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2037, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ муаррифӣ карда шуд.

Дар Форум масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар рафти Форум аз соҳибкорону сармоягузорони Британияи Кабир даъват ба амал оварда шуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории кишвар, хусусан дар таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ иштирок ва саҳмгузор бошанд.