Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ намуданд
4 апрели соли 2023 дар доираи Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон мулоқоти Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо Муовини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Сахиб Али оглы Мамедов баргузор гардид, ки дар рафти он густариши ҳамкориҳои иқтисодии дутарафа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Пеш аз ҳама Нуриддинзода А.Н. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
Зимни мулоқот, ки дар фазои созанда ва дӯстона доир гардид, ҷонибҳо рафти иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи 5-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодиро муҳокима карда, барои баргузории ҷаласаи 6-уми комиссияи номбурда омодагии худро изҳор намуданд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки дар соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон 1,6 фоиз нисбат ба соли 2021 афзоиш ёфтааст.
Инчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои тиҷорату иқтисод, саноат, энергетика, нақлиет ва кишоварзӣ баррасӣ карда шуда, вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва амалӣ гардидани ташаббусҳои қайдгардида баён намуданд.