Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва энергетика дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
5 апрели соли 2023 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №72-ф дар вазорат бо иштироки намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илм муаррифии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло ҳусни оғоз бахшида, баён намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъсиси ҷойҳои кории нав, омода намудани кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сифати таълим, бунёди мактабҳои нави замонавӣ, таъсиси нерӯгоҳҳои барқии обии хурд, офтобӣ ва бодӣ, инчунин зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ ва дар маҷмӯъ таъмини шароити мусоид барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад.
Инчунин қайд гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 бояд ба ҷанбаҳои сифатии рушд ва муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ диққати махсус дода шавад.
Дар ин раванд аз ҷониби муовини Вазири энергетика ва захираҳои об – Сафарзода М., муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – Шодихон Ҷ., муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – Ализода А. Ҳ. ва сардори Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илм – Музаффарзода Б. рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин маориф ва илм дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 муаррифӣ карда шуданд.
Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарори дахлдор қабул гардид.