Баргузории машварати корӣ вобаста ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти вазорат, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат машварат вобаста ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия баргузор карда шуд.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки муқовимат ба коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванди мамлакат, бахусус хизматчиёни давлатӣ мебошад.
Дар ҷаласа намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо кормандони дастгоҳи марказии вазорат суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҷиҳати ба таври дуруст омода намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия дар вазорат, инчунин аз рафти иҷрои Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тавсиаҳо ва маълумот дода шуд.