Навиди Вазорат



Кӯмаки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба осебдидагони офати табиӣ-сел дар ноҳияи Панҷ

.

8 апрели соли 2023 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ба ноҳияи Панҷ сафари корӣ анҷом дод.

 

Зимни сафар, Завқизода З. А. ва раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиен З. Ф. аз рафти бартарафсозии зарари  офати табиӣ-сели 4 апрели соли ҷорӣ руҳ дода,  аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷоравӣ, роҳҳо ва пулҳо дидан намуда, бо мардуми осебдида, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сардорони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ мулоқоту вохурӣ намуданд.

 

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба вуқуъ омадани ин офат Ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, корҳои бартарафсозии зарари сел дар ҳама самтҳо бомаром идома доранд.   

 

Аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба 70 оилаи зарардида ва камбизоат кӯмакҳои моддӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар ва макарон расонида шуд. 

Ҳамзамон Завқизода З. А. ва Шоҳиён З. Ф. аз рафти ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ дидан намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор доданд.