Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Мулоқоти Вазир бо Питер Микула

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

24 апрели соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Питер Микула сурат гирифт.

Дар оғоз Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Питер Микула Неъматулло Ҳикматуллозодаро барои таъйин шуданаш ба вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдо табрику муборакбод намуда, изҳори итминон намуд, ки дар оянда низ ҳамкории Вазорат бо Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ тавсеа хоҳад хоҳад ёфт.

Неъматулло Ҳикматуллозода дар навбати худ барои табрикот ва робитаҳои гуногунҷанбаи ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Швейтсарияро муҳокима намуда, барои минбаъд густариш додани ҳамкориҳо омодагии худро баён доштанд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное