Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

11 апрели соли 2023 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №72-ф дар вазорат бо иштироки намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати нақлиёт, Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муаррифии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло оғоз бахшида, баён намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, самаранок ва оқилона истифода намудани иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҷойҳои кории нав, самаранокии истифодаи заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулотҳои кишоварзӣ, ҷалби сармоя хориҷӣ, бахусус сармояи мустақим, рушди бахши хусусӣ ва дар маҷмӯъ таъмини шароити мусоид барои рушди соҳаҳои иқтисоди кишвар мебошад.

Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 бояд ба ҷанбаҳои сифатии рушд ва муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ диққати махсус дода шавад.

Дар ин раванд аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳои қайдгардида дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 муаррифӣ карда шуд.

Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.