Навиди Вазорат



Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин, бо иштироки муовини якум ва муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар моҳҳои январ-марти соли 2023 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.

Ҷаласаи Ҳайати мушовара бо суханони ифтитоҳии Вазири рушди иқтисод ва савдо оғоз гардида, вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар моҳҳои январ-марти соли 2023 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ аз ҷониби муовини Вазир-Восидиён Ф. С. гузориши муфассал дода шуд.

Завқизода З. А. ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои низомномавии вазорат, инчунин бо мақсади бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва бозҳам беҳтар кардани фаъолият дар соли 2023 ба масъулин супоришҳо дод.

Ҳамзамон аз ҷониби сардорони раёсатҳо ва муассисаҳои зертобеи вазорат дар бораи фаъолияташон ҳисобот пешниҳод карда шуд. Дар охири ҷаласаи Ҳайати мушовара доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардидаанд.