Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛ

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар семоҳаи аввали соли 2015 баргузор гардид.

Дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовинони Вазир, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ, инчунин сарварони муассисаҳои тобеи Вазорат ширкат варзиданд.

Ҷаласаи Ҳайати мушовараро бо сухани муқаддимавӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода оғоз намуда, сипас, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар семоҳаи аввали соли 2015 муовини якуми Вазир Саидраҳмон Назриев маърӯза намуд.

Оид ба фаъолияти анҷомдодаашон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, нақшаҳо ва мушкилоти ҷойдошта роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорат- сарвари ММПИ- Ҷумъахонзода Ҷамшед, роҳбарони МОИ «Суғд»- Алимов Фирдавс, МОИ «Панҷ»- Маҳмадаминов Ҳасан, МОИ «Ишкошим»- Бекмуродӣ Айдибек ва муовини роҳбари МОИ «Данғара»- Тайфуров Сафаралӣ дар назди ҳозирин ҳисобот доданд.

Дар охир ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуд