Навиди Вазорат



Муаррифии лоиҳаи Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

26 апрели соли 2023 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони оҷонсиҳои СММ, ташкилоти ҷамъиятӣ, бахши хусусӣ, олимону коршиносони соҳавӣ мизи муддавар оид ба муаррифии лоиҳаи Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷаласаро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасварӣ ва Намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел ҳусни оғоз бахшиданд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз аз соли 2015 уҳдадориҳои байналмилалиро оид ба Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор барои давраи то соли 2030 ба душ гирифта, аввалин Шарҳи ихтиёрии миллии худро соли 2017 барои арзёбии ҳамгироии Рӯзномаи 2030 дар ҳошияи сиёсати миллӣ омода ва пешниҳод намуда буд. Вобаста ба дастовардҳо дар самти татбиқи босамари Хадафҳои рушди устувор (ҲРУ) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байни кишварҳои узви СММ барои муаррифӣ намудани Шарҳи ихтиёрии миллии дар Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ тобистони соли 2023 интихоб шудааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар давоми солҳои 2015-2021 суръати рушди иқтисодӣ ба сари аҳолӣ аз 3,6 фоизи соли 2015 то 6,9 фоиз дар соли 2021 зиёд шуда, сатҳи камбизоатӣ аз 31 фоизи соли 2015 то 23,2 фоиз дар соли 2021 коҳиш ёфт.

Ҷиҳати рушди низоми ҳифзи иҷтимоӣ Барномаи кумаки унвонии иҷтимоӣ, ки фарогири ҳамаи минтақаҳои кишвар мебошад, роҳандозӣ гардида, дар доираи он тадбирҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, таъмини татбиқи усулҳои мукаммали арзёбии эҳтиёҷоти хонаводаводаҳо, ташкили Феҳристи ягонаи миллии иттилотӣ оид ба оилаҳои камбизоат ва шахсони дорои маъюбият равона карда шуданд. Дар ин радиф ҷиҳати коҳиш додани оқибатҳои манфии пандемияи Covid -19 ба қариб 50 ҳазор оилаҳои дорои кудакони хурдсоли дар барномаи миллии кумаки унвонии иҷтимоӣ бақайдгирифташуда, кумаки иловагӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ барои рупуш намудани эҳтиёҷоти асосӣ дар озуқа ва доруворӣ пешниҳод гардид.

Дар самти таъмини аҳолии деҳот бо нерӯи барқи боэътимод ва дастрас ҳиссаи аҳолии деҳот, ки ба нерӯи барқ дастрасӣ доранд, аз 94 фоизи соли 2015 то 98 фоиз дар соли 2021 зиёд шуд. Ҳамзамон дар натиҷаи тадбирҳои ислоҳоти Ҳукумати кишвар дар самти муосиргардонӣ ва тавсеаи шабакаҳои таъминоти барқ шумора ва давомнокии вақти садамаҳои қатъшавии қувваи барқ коҳиш ёфт. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии трилеммаи энергетикӣ, ки мувозинати байни амнияти энергетикӣ, дастрасии баробар ба таъминоти барқ ва устувории экологиро баррасӣ менамояд, дар байни 125 кишвар мавқеи 74-умро ишғол намуда, ба руйхати 10 кишвари пешқадам дар самти ноилшавӣ ба амнияти энергетикӣ шомил гардид.

Дар давраи баррасишаванда бо вуҷуди сар задани пандемия соҳаи кишоварзӣ яке аз сарчашмаҳои асоси таъмини рушди иқтисодии кишвар боқӣ монда, суръати миёнасолонаи рушди соҳаи кишоварзӣ дар давоми ҳаф соли охир 5,9 фоизро ташкил дод. Инчунин саҳми соҳаи кишоварзӣ дар коҳиш додани камбизоатии озуқаворӣ назаррас буда, аз 15,7 фоизи соли 2015 то 10,7 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфт.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешида дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ҳиссаи арзиши иловашудаи соҳаи саноат дар ММД аз 15,2 фоизи соли 2015 то 23,9 фоиз зиёд шуд. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноати истихроҷ 3,5 маротиба, дар соҳаи саноати коркард ва саноат дар маҷмуъ зиёда аз 2 маротиба ва дар соҳаи энергетика зиёда аз 1,5 маротиба афзоиш ёфт.

Қайд гардид, ки бо назардошти тамоюлҳои демографӣ афзоиши шумораи хонандагон дар ҳама сатҳҳои таҳсилот ва хусусан таҳсилотикасбӣ дар ин давра оид ба тақвият ёфтани иқтидори низоми маорифи кишвар шаҳодат медиҳад.

Кушишҳо дар самти такмили низоми расонидани ёрии аввали тиббӣ ба тавсеаи дастрасии аҳолии шаҳру деҳот ба он мусоидат намуда, дар ин давра нишондиҳандаи фавти модарон қариб ба 70 фоиз, фавти кудакони то панҷсола ба 36 фоиз, шумораи ҳодисаҳои ошкоршавии бемории сил ба 26 фоиз, сирояти ВИЧ ба 19,5 фоиз коҳиш ёфт.

Зиёда аз ин дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои асосии таъмини оби ошомиданӣ аз 76 фоиз дар соли 2015 то 82 фоиз дар соли 2020 зиёд шуд, ки аз мунтазам беҳтар гардидани шароити муҳити зист гувоҳӣ медиҳад.

Тавре маълумоти платформаи нави миллии пайгирии раванди татбиқи ҲРУ нишон медиҳад, дар самти расидан ба ҲРУ 11 – шаҳру маҳаллаҳои устувор, ҲРУ 1 – коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва ҲРУ 10 - коҳиш додани нобаробарӣ кишвар ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Инчунин ҷиҳати ноил гардидан ба ҲРУ 3 – саломатӣ ва некуаҳволӣ, ҲРУ 5 – баробарии гендерӣ, ҲРУ 8 -ташкили ҷойҳои корӣ ва рушди иқтисодӣ, ҲРУ 13 – тадбирҳо дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҲРУ 4 – таҳсилоти босифат, ҲРУ 17 -ҳамкорӣ барои татбиқи ҲРУ пешравӣ ба назар мерасад. Дар баробари ин боз ҳам тақвият бахшидани тадбирҳо дар самти бартараф намудани гуруснагӣ, дастрасӣ ба оби тоза ва беҳдошт, дастрасӣ ба энергияи арзон ва дастрас, саноатикунонӣ, навовариҳо ва рушди инфрасохтор, истеъмол ва истеҳсолоти оқилона муҳим арзёбӣ мегарданд.

Таъкид гардид, ки доираи васеи машваратҳо дар баробари таҳлили объективӣ ва ҳамаҷониба ҷузъи муҳими раванди омода намудани Шарҳи ихтиёрии миллӣ буда, моҳҳои январ – марти соли 2023 ҷаласаҳои гуруҳҳои кории байниидоравии Шурои миллии рушд ва муҳокимаҳои васеъ бо тарафҳои дахлдор, аз ҷумла бахши хусусӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ВАО, инчунин ҷавонону наврасон, пиронсолон, маъюбон, гурезаҳо ва шахсони бешаҳрванд, сироятёфтагони ВИЧ СПИД, собиқ маҳбусон ва дигар гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ гузаронида шуда, дар маҷмуъ дар натиҷаи зиёда аз 46 чорабинии машваратӣ бо ҷалби беш аз 586 намояндаи тарафҳои дахлдор зиёда аз 648 таклифу пешниҳод дастрас карда шуд.

Роҳбарони намояндагиҳои оҷонсиҳои СММ ва дигар шарикони рушд натиҷаҳои фаъолияти муштарак оид ба татбиқи ҲРУ баланд арзёбӣ намуда, вобаста ба ин масъалаҳо мубодилаи афкор ва таклифҳои судманд пешниҳод гардид.

Намояндагони шарикони рушд ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии гузаронидаи Ҳукумати ҷумҳуриро бо мақсади татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳадафу афзалиятҳои стратегӣ натиҷабахш арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати афзоиш додани кумаку дастгириҳои худ дар самти рушди сабзи иқтисодӣ баён доштанд.

Дар анҷоми чорабинӣ вобаста ба бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилаи босамар бо оҷонсиҳои СММ омодагӣ изҳор гардид.

Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. муроҷиат намоед.