Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон/ Мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон бо Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд баргузор гардид

.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо/Мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон аз 10 то 13- уми майи соли 2023 дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд иштирок менамояд.

Дар ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ, Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фирӯз, Раиси «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшо Бобозода, Муовини раиси Амонатбонк Ризвонзода Фирдавс, Муовини якуми Раиси «Тавҳидбонк» Ҳасанзода Муҳиддин ва Сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Дилшод Шарифи шомил мебошанд.

Дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур вохӯрии Завқизода Завқӣ Амин бо Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) доктор Мансур Мухтор баргузор гардид, ки дар рафти он супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба афзоиш додани маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар пайгирӣ карда шуд.

Ҷониби Тоҷикистон ба БИР лоиҳаҳои мушаххаси соҳаҳои иқтисоди миллиро пешниҳод намуд.

Дар доираи сафари мазкур вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти БИР ва дигар роҳбарони сохторҳои он пешбинӣ шудаанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба омодагии худро баён намуданд.