Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори генералии Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ баргузор гардид

.

Дар доираи иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, ки рӯзҳои 10 - 13 майи соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ давом доранд, Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори генералии Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ Доктор Абдулҳамид Алхалифа вохӯрӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ дархост гардид, ки Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ дар соҳаҳои энергетика, бахусус сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, иқтисоди сабз ва иқтисоди рақамӣ маблағгузорӣ намояд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллии кишвар баён намуданд.