Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо АМА

.

Баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Аморати Муттаҳидаи Араб аз мавзуъҳои асосии вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев бо ҳайати намояндагони Палатаи савдо ва саноати АМА таҳти роҳбарии Умар Абдулазизхон маҳсуб меёфт, ки рӯзи 12 майи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид.

 Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан дар соҳаҳои ҷалби сармоягузорӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, фаъолияти самарабахши Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштанд.