Навиди Вазорат



Дар вохӯрӣ бо Раиси Фонди рушди Саудӣ маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон муҳокима гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Дар рафти иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, ки рӯзҳои 10 – 13 майи соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ давом доранд, Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдулраҳмон Ал-Маршад мулоқот анҷом дод.

Дар рафти вохӯрӣ дархост гардид, ки Фонди рушди Саудӣ якҷо бо Гурӯҳи Ҳамоҳангсози Араб дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика, бахусус сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, саноат, нассоҷӣ, кишоварзӣ, обёрӣ, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, иштирок намоянд, ки хуш пазируфта шуд.

Қайд бояд кард, ки то имрӯз аз ҷониби Фонди мазкур ба соҳаҳои иқтисоди миллии кишвар беш аз 178 млн. Доллари ИМА қарзҳои имтиёзнок ҷудо намудааст.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное