Навиди Вазорат



Дар вохӯрӣ бо Вазири молияи Арабистони Саудӣ ҷудо намудани маблағҳо ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ муҳокима гардид

.

Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, ки рӯзҳои 10 - 13 майи соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ давом доранд, Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири молияи Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Абдулло Ал-Ҷадаан мулоқот анҷом дод.

 

Қайд гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ҳарду давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Арабистони Саудӣ Аълоҳазрат Салмон ибни Абдулазиз Оли - Сауд муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ба сатҳи олӣ баромада, тамоми самтҳои афзалиятнокро дар бар мегиранд.

Дар рафти вохӯрӣ Завқизода З. А. ба Вазири молияи Арабистони Саудӣ барои маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ минатдорӣ баён карда, дархост намуд, ки номбурда барои ҷалби маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки кишвар, хусусан энергетика ва иқтисоди сабз аз ҷониби Фонди рушди саудӣ, Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд ва Гурӯҳи Ҳамоҳангсози Араб мусоидат намояд.

Аз ҷониби Вазири молияи Арабистони Саудӣ даъват ба хушнуди пазируфта шуд.