Муҳокимаи васеи ҷараёни татбиқи Стратегия
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои зертобеъ, инчунин кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат ва масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи васеи ҷараёни татбиқи Стратегияи муқовимат бар зидди коррупсия барои солҳои 2013-2020 баргузор гардид.
Дар оғоз Муовини якуми Вазир, Саидраҳмон Назриев қайд намуд, ки дар Вазорат 4 майи соли 2015 аз ҷониби намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати иҷрои Стратегияи мазкур, мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» Фармоиши вазорат аз 25 декабри соли 2013 , №108 «Дар бораи Барнома ва Нақшаи чорабиниҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия барои солҳои 2013-2015» тасдиқ гардидааст.
Сипас, сарнозири сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии мазкур Шодком Турсунзода иброз намуд, ки дар рафти санҷиши иҷрои Стратегияи мазкур муайян гардид, қисми зиёди бандҳои нақшаи Стратегия иҷро шудаанд, вале камбудиҳо ҳанӯз ҷой доранд. Пешниҳод гардид, ки камбудиҳои ошкоршуда, ҳарчи зудтар бартараф карда шуда, аз натиҷааш вобаста ба бандҳои дахлдори Стратегияи мазкур ахбори муфассал дар муҳлати як моҳ ба унвонии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шавад.
Ҳамзамон, зикр рафт, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоша Фармоши Вазорат «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо аз натиҷаи санҷиши «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тасдиқ гардида, тибқи он воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи Вазорат вазифадор карда шуданд, ки Нақша-чорабиниҳои мазкурро дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд.