Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

.

30 майи соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Озан Севимлӣ баргузор гардид.

Завқизода З. А. ба ҷаноби Озан Севимлӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ ва саҳмгузорӣ дар амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои кишвар минатдорӣ баён намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо корҳои омодагиро вобаста ба семинар дар доираи таҷлили 30-солагии ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар мавзӯи “Таъмини татбиқи бомуваффақияти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, инчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо назардошти вазъи ҷаҳони имрӯза ва пешгирии таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллиро муҳокима намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаи фаъол гардонидани кори Шӯрои ҳамаҳангсозии шарикони рушд, гузаронидани ҷаласаи Шӯрои миллии рушд ва Форуми миллии рушдро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.