Навиди Вазорат



Бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ семинар дар мавзӯи «Татбиқи муваффақи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

5 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи Хаят Реҷенси бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди кишвар ва ташкилоти ҷамъиятӣ семинар дар мавзӯи «Татбиқи муваффақи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид.

Чорабиниро Антонелла Бассанӣ, ноиби Президенти минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва Неъматулло Ҳикматуллозода Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ифтитоҳ намуда, оид ба ҳамкориҳои бардавом ва судманди дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ва саҳми назарраси ташкилоти мазкур дар таъмини рушди устувори кишвар қайд намуданд.

Дар семинар Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо рунамо дар мавзӯи “Стратегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: дастовардҳо ва афзалиятҳои минбаъда” баромад карданд.

Завқизода Завқӣ Амин қайд намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои 2016-2022 ҷиҳати тақвият бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, мутобиқ намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, шомил гардидани ҷумҳурӣ ба узвияти СУС, Конвенсияи СММ оид ба эътирофи қарорҳои судҳои арбитражи хориҷӣ, Конвенсияи Гаага оид ба тайъиди легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, таъмини дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ, инфрасохтори рушди соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, низоми андозбандӣ ва санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ташкили заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон як қатор ислоҳоти назаррас анҷом дода шуд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар давоми солҳои 2016-2022 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд устувории макроиқтисодӣ дар кишвар таъмин гардида, рушди миёнасолонаи ММД зиёда аз 7 фоизро ташкил дод ва ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд шуд.

Даромади пулии аҳолӣ дар ин давра 1,9 маротиба афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоиз то 26,3 фоиз коҳиш дода шуд ва шумораи соҳибкорон 1,6 маротиба зиёд гардид.

Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 31 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 69 фоиз кам гардид.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,9 маротиба ва маҳсулоти кишоварзӣ 1,4 маротиба зиёд шуд, ки ин ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.

Дар ин давра ду агрегати нави НБО “Роғун” ба истифода дода шуда, зиёда аз 2000 мегават иқтидорҳои нав ба кор андохти шуд.

Ислоҳоти босамари Ҳукумати кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, барои беҳтар гардидани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор арзёбиҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла, дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, чор маротиба ба рӯйхати 10 кишвари пешқадами ислоҳотгар дар арзёбии «Пешбурди соҳибкорӣ» Бонки Ҷаҳонӣ, 10 кишвари пешсаф тибқи арзёбии World Energy Trillema аз лиҳози амнияти энергетикӣ шомил гардида, мавқеи 6-умро дар чаҳон аз рӯи истифодаи энергияи «сабз» (99,6% неруи барқ) тибқи ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ, мавқеи 2-юмро дар арзёбии байналмилалӣ оид ба дастрасӣ ба қувваи барқ, мавқеи 50-умро дар раддабандии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати инфрасохтори роҳ ва мавқеи 37-умро аз рӯи самаранокии хизматрасонии роҳи оҳан дар байни 141 кишвари ҷаҳон ишғол намуд.

Дар чорабинӣ инчунин роҳбарон ва намояндагиҳои ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла Антонио Нучифора - Менеджери Бонки Ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои макроиқтисодӣ, савдо ва сармоягузориҳо, Лалита Мурти - Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба рушди мутавозин, молия ва ниҳодҳо дар мавзӯҳои мушкилоти кишвар дар роҳи рушди устувор, ислоҳоти зарурии минбаъда ва нақши Бонки Ҷаҳонӣ дар ин раванд рунамо пешниҳод карда, роҳбари кишварии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушди кишвар – Озан Севимлӣ, Татяна Проскурякова – Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Файзиддин Қаҳҳорзода – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон дар мубодилаи афкор вобаста ба ин масъалаҳо иштирок намуданд.

Намояндагони шарикони рушд ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии гузаронидаи Ҳукумати ҷумҳуриро бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегӣ натиҷабахш арзёбӣ намуда, омодагии худро дар татбиқи ислоҳоти минбаъда ва зиёд кардани кумаку дастгириҳои худ барои таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ баён доштанд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушди кишвар бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилаи босамар ҷиҳати татбиқи муваффақи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 омодагии ҳамаҷониба изҳор гардид

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное