Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Хадамоти федералии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия
6 июни соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Роҳбари Хадамоти федералии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия Зубов Юрий Сергеевич баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи волои ҳамкориҳои дуҷониба ва шарикии муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия ёдовар шуда, доир ба муносибатҳои наздику натиҷабахши Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия, дастовардҳо ва қадамҳои минбаъда дар самти моликияти зеҳнӣ мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкорӣ дар самти тақвияти низоми моликияти зеҳнӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти мазкур, тиҷоратикунонӣ ва амалигардонии коркардҳои инноватсионию технологӣ ва таҳияи муштараки корҳои илмию таҳқиқотӣ идома дода мешавад.
Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.