Навиди Вазорат



Боздиди роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Панҷ

.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2023, ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмини рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва назорати сифати иншоотҳои бунёдшаванда бахшида ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар Солеҳзода А. А. аз рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳия, фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмони корхонаи истеҳсоли макарон, равғани растанӣ ва дигар маҳсулот дар Парки технологии инноватсионӣ, рафти кишту кор ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва ҷамъоварии ҳосил, иҷрои корҳои мумфаршкунии кӯчаҳои шаҳраки Панҷ, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, омодагӣ ба фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дидан намуданд.

Ҳангоми боздид аз рафти корҳои сохтмонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ ва кишти зироатҳо бо сокинону сохтмончиён ва кишоварзон мулоқот доир гардид. Аз ҷумла таъкид гардид, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кишоварзон, сохтмончиён ва ҳар як сокини ноҳия корҳои ободкорию созандагиро минбаъд низ идома дода, пеш аз ҳама ба масъалаҳои истифодаи самараноку оқилонаи замин, сарфаи нерӯи барқ, таъмини сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, ва дар ҳар як оила захира намудани маводи ғизоӣ барои на камтар аз ду сол диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Инчунин ба роҳбарияти ноҳия ва корхонаю муассисаҳо ҷиҳати беҳтар кардани вазъи экологӣ, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар бозорҳо, таъмин намудани аҳолӣ бо маводи озуқа, фароҳам овардани шароити мусоиди таълим дар муассисаҳои соҳаи маориф, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, ашёву лавозимоти хониш ва либоси мактабӣ, таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо доруворӣ, таҷҳизот, табибон ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, рушди муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва фаъолияти онҳо дар деҳот таъкид карда шуд.