Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири иқтисоди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
1 июли соли 2023 дар шаҳри Астанаи Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири иқтисоди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Куантыров Алибек Сакенович дар фазои дӯстона баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи шарикии стратегӣ баромаданд.
Дар натиҷа дар соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 22,3% то 1441,2 млн доллар афзоиш ёфта, Қазоқистон ба дуюмин калонтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президентҳои ҳарду кишвар, протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ, Харитаи роҳ оид ба зиёд намудани гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2023-2024, бахусус содироти меваю сабзавот ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ тадбирҳои иловагӣ меандешанд.
Ҳамзамон Завқизода З.А. ҷаноби Куантыров А.С.-ро ҷиҳати иштирок дар Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар доираи Саммити сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, даъват намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои судманд изҳор карданд.