Табрикоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бахшида ба Рӯзи кормандони савдо, хизматрасонии маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ
Ҳамкорони арҷманд!
Иҷозат фармоед ҳамаи Шуморо бо камоли эҳтиром аз номи роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва шахсан аз номи худам ба иди касбӣ- Рӯзи кормандони савдо, хизматрасонии маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки ҳар сол рӯзи якшанбеи аввали моҳи июн дар кишварамон таҷлил мегардад, самимона табрику таҳният намуда, дар фаъолияти кориатон пешравию комёбиҳо ва дар зиндагии шахсиатон бахту саодат орзумандам.
Ҳаёти ҷомеаи муосирро бе рушди ҳамаҷонибаи соҳаи савдо ва хизматрасонии босифати маишӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Чун анъана соҳаи савдо дар ҳаёти на танҳо кишвари мо, балки саросари олам яке аз нақшҳои муҳимро иҷро мекунад. Низоми рушдкардаи соҳаи савдо ва хизматрасонӣ дар ҷумҳурии мо аз баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум гувоҳӣ медиҳад. Сол ба сол соҳаи савдо ба таври чашмрас рушду нумуъ намуда, шаклҳои нави кор бо муштариён ҷорӣ карда мешавад, ки ин ҳама натиҷаи меҳнати пурсамар ва тахассусноки ҳар кадоми Шумо мебошад.
Мавриди зикр аст, ки аз соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» қабул гардида, айни замон мавриди татбиқ қарор дорад. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкил, танзим ва назорати савдо ва хизматрасонии маишӣ муайян намуда, инчунин шароитҳои заруриро барои савдо ва хизматрасонии маишӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон ба мол, иҷрои корҳо ва хизматрасонии маишӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меоварад.
Дар амал ҷорӣ намудани муқаррароти ин қонун вазифаи ифтихорию пурмасъулияти кормандони Вазорат маҳсуб ёфта, метавонад баҳри рушди низоми савдо ва хизматрасонии маишӣ дар миқёси мамлакат такони ҷиддие бахшад.
Итминон дорам, ки дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ аҳолии кишвар ҳамеша ҳамдигарфаҳмию ғамхорӣ, тахассуси баланд ва сифати бенуқсони хизматрасониро эҳсос менамоянд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, мехостам дар ин рӯзи фархунда ба тамоми кормандони соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла мутахассисон ва ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар бахшҳои гуногуни иқтисоду савдо ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар арзи сипос ва ба ҳар кадоми Шумо барору комёбиҳои беназирро таманно намоям.
Ҳамеша хушбахту саодатманд ва сарфарозу сарбаланд бошед ҳамкорони арҷманд!