Навиди Вазорат



Суханронии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии махсуси СММ бахшида ба Рӯзномаи амали об дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд дар шаҳри Ню Йорки ИМА

.

17 июли 2023 дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор бо ташаббуси механизми СММ - об нишасти махсуси Ҳадафи шашуми рушди устувор ва Рӯзномаи амали об доир гардида, дар он расман натиҷаҳои Конфронси бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (Конфронси оби СММ), ки 22-24 марти соли ҷорӣ сурат гирифт, муаррифӣ гардиданд.

Ба чорабинии мазкур Раиси механизми СММ-об Ҷилберт Ҳунгбо ва Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимолӣ Ли Ҷунҳуа ҳусни оғоз бахшид. Илова бар ин, бо суханронии ифтитоҳӣ Раиси иҷлоси 77-уми Ассамблеяи генералии СММ Чаба Корошӣ низ баромад намуд.

Аз ҷониби мизбонони Конфронс Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Шоҳигарии Нидерландия дар сатҳи муовини вазири корҳои хориҷӣ Стеван Коллет ширкат варзида, оид ба натиҷаҳои Конфронси об ва қадамҳои минбаъда фикру мулоҳизаҳои худро ироа намуданд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим пешсаф буда, панҷ ташаббуси глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи глобалии рушди устувор пеш мебарад.

Вазири рушди иқтисоди ва савдои кишвар зимни баромади худ аҳамияти натиҷаҳои Конфронси обро ҷиҳати тезонидани татбиқи Ҳадафи рушди устуворро ва баланд бардоштани огоҳӣ оид ба зарурати ҳаллу фасли мушкилиҳои ҷаҳонии марбут ба обро таъкид намуд. Зикр гардид, ки конфронси таърихии СММ оид ба об барои муттаҳид сохтани роҳбарони ҷаҳонӣ, аз ҷумла сарони давлатҳо, ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ, ширкатҳои хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор атрофи мавзӯи об саҳми назаррас гузоштааст.

Дар натиҷаи конфронс уҳдадориҳои ихтиёрӣ оид ба андешидани тадбирҳои фаврӣ дар Нақшаи амали об вобаста ба ҷанбаҳои сиёсӣ, маблағгузорӣ, идоракунӣ, ҳамкорӣ ва дигар самтҳо ба қайд гирифта шуданд, ки барои татбиқи он беш аз 330 миллиард доллари ИМА зарур аст.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд ҳамчун мизбонони  конфоронс барои пайгирии паёмҳои калидӣ аз натиҷаи чорабинӣ дар платформаҳои муҳимтарин ба монанди Ассамблеяи генералии шарҳи татбиқи Барномаи Сендай оид ба коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030, Саммити  ҳадафҳои рушди устувор-2023, Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-2025 ва тавассути форумҳои солонаи сиёсии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор, конфронсҳои гуногун оид ба масоили иқлим иштирок намуда, дар ҳамкории тарафайн бо ниҳодҳои СММ, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор онҳоро татбиқ менамоянд.

Дар анҷоми суханронии худ Вазири рушди  иқтисод ва савдо ҳамаи ҷонибҳоро барои муттаҳид сохтани кушишу тадбирҳо, мубодилаи таҷриба ва донишҳо вобаста ба дарёфти роҳҳои ҳалли муштараки масъалаҳои  об даъват намуд.