Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори генералии Фонди рушди Абу Дабӣ ва муовини Вазири Девони корҳо оид ба рақобатпазирӣ ва мубодилаи донишҳои Аморатҳои Муттаҳидаи Араб (АМА) масъалаи ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистонро муҳокима намуд

.

 

 

 

19 июли соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню Йорк дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори генералии Фонди рушди Абу Дабӣ Муҳаммад Сайф Ал Сувайдӣ ва муовини Вазири Девони корҳо оид ба рақобатпазирӣ ва мубодилаи донишҳои АМА Абдулло Лутаҳ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Завқизода З. А. ба ҷониби АМА имкониятҳои васеи сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисоди кишварро муаррифӣ намуда, ҷиҳати маблағгузорӣ ба сохтмони НБО «Роғун» ва лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, объёрӣ ва тағйирёбии иқлим дархост ба амал овард, ки аз он ҷониб дастгирӣ ёфт.

Ҷониби АМА дар навбати худ барои роҳандозии ҳамкории мутақобилаи судманд дар доираи Барномаи давлатии АМА оид ба мубодилаи таҷрибаи пешқадами идоракунии давлатӣ, ки ба тақвияти иқтидори мақомоти давлатӣ, институтҳо ва шахсони инфиродӣ равона карда шудааст, даъват намуд.

Ҷониби Тоҷикистон ба ҷониби АМА барои даъват ба ҳамкорӣ оид ба ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР 28) миннатдорӣ намуда, омодагии ҳамаҷонибаи худро дар ин самт изҳор намуд.