Баррасии ҳамкориҳои мутақобила бо Бонки сармоягузории Аврупо
11 июни соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати намояндагони Бонки сармоягузории Аврупо, ки таҳти роҳбарии Ноиби Президенти Бонк, ҷаноби Вилҳелм Молтерер ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, доир гардид.
Дар рафти мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо, ҷаноби Вилҳелм Молтерер атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби Бонки мазкур дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод, омӯзиши таҷриба ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот самтҳои дигари ҳамкориҳои иқтисодии барои тарафайн судманд мавриди арзёбӣ қарор гирифт.