Навиди Вазорат



Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз

.

15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дарвоз бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳмоннавози ноҳияи Дарвоз барои истиқболи гарму самимӣ ва дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Президенти мамлакат бо натиҷагирӣ аз сафари корӣ дар ноҳия бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки мардуми ватандӯсту заҳматқарини Дарвоз бо шукргузорӣ аз неъмати озодиву соҳибихтиёрӣ ва сулҳу оромӣ дар ҷодаи ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ содиқона кору фаъолият карда истодаанд.

Таъкид гардид, ки тайи 32 соли истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 400 миллион сомонӣ равона гардида, дар ин раванд, ҳамчунин, татбиқи 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 485 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст. Илова бар ин, ҳоло дар ноҳия татбиқи боз 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки аз маблағи умумии онҳо то имрӯз 500 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.

Танҳо дар самти бунёду азнавсозии роҳҳои мошингард дар ҳудуди ноҳия лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 975 миллион сомонӣ равона гардида, то ба ҳол қариб 70 километр роҳҳои ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта ва ба истифода супорида шудаанд.

Сарвари давлат роҳбарияти Вазорати нақлиёт, вилоят ва ноҳияро вазифадор карданд, ки сифати иҷрои корҳои сохтмони роҳҳоро ҷиддӣ назорат карда, дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани онҳоро таъмин намоянд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳияи Дарвоз барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии он барои солҳои 2021-2025 таҳия ва қабул гардидааст, ки дар доираи он иҷрои 108 лоиҳа ба маблағи умумии 405 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи маълумот то имрӯз 34 лоиҳаи пешбинишуда амалӣ гардидааст, ки ҳамагӣ 34 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати густариш бахшидани корҳо дар ин самт мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор шуд, ки ҳамкориро бо вазорату идораҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ вусъат дода, тамоми имкониятҳои мавҷударо барои иҷрои барнома сафарбар намоянд.

Тайи ду даҳсолаи охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Дарвоз аз 9,9 миллион сомонии соли 2000-ум ба 63 миллион сомонӣ дар соли 2022 расида, 6,3 баробар зиёд гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки роҳбарону мутахассисони ноҳия, Вазорати кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва тамоми сокинони ноҳия бояд ҳар як ваҷаб заминро боз ҳам беҳтару самаранок истифода бурда, афзоиши минбаъдаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро таъмин намоянд.

Ноҳияи Дарвоз дорои имкониятҳои бузурги саноатӣ буда, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ин соҳа дар ноҳия хеле тараққӣ кардааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия аз 5,4 миллион сомонии соли 1993 ба 32 миллион сомонӣ дар соли 2022, яъне қариб 6 баробар афзоиш ёфта, ҳиссаи он дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят аз 8,7 фоизи соли 1991 ба 32 фоиз дар соли 2022 расидааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Дарвоз дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 9 иншооти энергетикӣ ба маблағи қариб 11 миллион сомонӣ бунёду таҷдид карда шудааст. Илова бар ин, ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба анҷом расонидани сохтмони хатти интиқоли барқи 35-киловолтаи Ширговад ба масофаи 30 километр ба нақша гирифта шудааст, ки барои боз ҳам беҳтар таъмин гардидани аҳолӣ бо нерӯи барқ мусоидат менамояд.

Ба Вазорати энергетика ва захираҳои об супориш дода шуд, ки якҷо бо Ширкати “Помир энерҷи” барои бо неруи барқ боз ҳам беҳтар таъмин намудани истифодабарандагон ва устувории низоми барқрасонӣ дар ноҳия чораҳои иловагӣ андешанд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат бо таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ таъкид карданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ афзалият дода, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар ин самт то имрӯз ҳамаи имкониятҳоро сафарбар карда истодааст. Масалан, дар ин давра дар ноҳияи Дарвоз 34 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои беш аз 5300 хонанда сохта шуда, бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои тиббии ноҳия бо таҷҳизоти тиббӣ, маводи доруворӣ, муҳофизатӣ ва безараргардонӣ беш аз 11 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз 102 иншооту биноҳои нав ба маблағи беш аз 106 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ҳоло барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ноҳия дар доираи Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ 117 иншооти таъиноти гуногун ба маблағи 191 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз ба маблағи 79 миллион сомонӣ 57 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст, ки ин нишондиҳандаи хуб ва қобили таҳсин мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Дарвоз суннату анъанаҳои неки ободгаронаи миллати куҳанбунёди тоҷикро минбаъд низ идома бахшида, бо иттиҳоду сарҷамъӣ, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба хотири рушду тараққиёти кишвари соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд ва дар раванди созандагии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон чун ҳарвақта саҳми арзишманд мегузоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ сокинони ноҳия, собиқадорону ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯйи соли 3-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафшон Ҳомидова ва нафақахур Гулписар Акобирова суханронӣ карда, ба Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи дастгириву ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

http://president.tj/ru/node/31265