Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Баррасии масъалаҳо вобаста ба СУС

.

Имрӯз дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод доир гардид. 

Дар чорабинӣ масъулини вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Дар аснои ҷаласа аз ҷониби миссияи Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи Ҳисоботи ӯҳдадориҳо дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо ва беҳтаргардонии танзими хизматрасониҳо дар Тоҷикистон: Арзёбии меъёрии савдои хизматрасониҳо ва сармоягузориҳо муаррифӣ гардид.

Баъд аз муаррифии ҳисоботи мазкур миёни аъзои гурӯҳи корӣ ва иштирокчиёни ҷаласа оид ба мукаммал намудани лоиҳаи ҳисобот мубодилаи афкор ва таклифу пешниҳодоти мушаххас манзур карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи нахустини Гурӯҳи корӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо 15 апрели соли равон баргузор гардида буд.