Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори минтақавии дафтари ҳамоҳангсози рушди СММ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

18 августи соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Мудири минтақавии Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушд (UNDCO) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Гви-Еоп Сон баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар давоми 5 соли охир новобаста ба таъсири омилҳои беруна дар натиҷаи амалӣ намудани ислоҳоти иктисодӣ, барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ дар самти татбиқи ҲРУ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Аз ҷумла дар ин давра рушди миёнасолонаи иқтисодӣ дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, даромадҳои пулии аҳолӣ 2,1 маротиба, музди меҳнат 1,5 маротиба ва нафақа 1,3 маротиба афзоиш ёфтанд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои дутарафаро ҷиҳати мусоидат барои маблағгузории ҳадафҳои стратегии кишвар, татбиқи пурра ва босифати Чаҳорчуби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023 -2026, пешниҳоди кумаки молиявию техникӣ ҷиҳати тақвият бахшидани низоми миллии мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, таҳия ва муаррифии шоистаи Шарҳи ихтиёрии маҳаллиро муҳокима намуданд.

Инчунин ҷонибҳо корҳои омодагиро ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Хонум Гви-Еоп Сон дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, омодагии Созмони Милали Муттаҳид ва оҷонсиҳои онро барои мусоидат намудан дар амалӣ гардонидани ҳадафу афзалиятҳои рушди кишвар ва баргузории чорабиниҳои қайдгардида баён намуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное