Навиди Вазорат



Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Олмонии Рушд (KFW) шартномаи грантӣ ба имзо расонида шуд

.

25 августи соли 2023 бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушди дар Осиёи Марказӣ - Андреас Шнайдер маросими баимзорасонии «Шартнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Олмонии Рушд (KFW)» баргузор гардид.

Дар доираи Шартномаи мазкур 13,97 млн. евро грант барои татбиқи лоиҳаи “Дастгирии пешбурди таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ дар ноҳияҳои дурдаст” барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин дар шаҳри Душанбе ҷудо мегардад.  

Лозим ба ёдоварист, ки аз аввали марҳилаи лоиҳаи “Дастгирии пешбурди таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ дар ноҳияҳои дурдаст” аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Олмон дар маҷмӯъ 44,1 миллион евро грант ҷалб гардидааст.