ЭЪЛОН!
Дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки рӯзҳои 14 ва 15 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, санаи 14 сентябри соли 2023 соати 10:00 дар ошёнаи дуюми бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузории Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯӣ «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон, Вазири молия ва иқтисоди Туркменистон ва Вазири иноватсия, саноат ва савдои Узбекистон пешбинӣ гардидааст.
Дар форуми мазкур баъди сессияи пленарӣ 3 сессия дар мавзуъҳои «Мубодилаи таҷриба ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ намудани низоми ҳукумати электронӣ дар кишвар», «Таҷриба ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи инноватсия» ва «Мубодилаи таҷриба ва муайян кардани дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ» гузаронида мешаванд.